Ҳусиҳо, як гурӯҳи мазҳабии мусаллаҳ, ки аз соли 2014 аксари хоки Яманро бо пуштибонии Эрон идора мекунанд, гуфтанд, ки ҳавопаймои бесарнишине, ки сарнагун карданд, навъи MQ-9 будааст.
Ин гурӯҳ аз оғози ҳамлаи Исроил ба Ғазза эълон кард, ки бо ҳимоят аз фаластиниён киштиҳои роҳии Исроилро дар Баҳри Сурх нобуд мекунад.
Борҳо киштиҳо дар оброҳае, ки аз канори Яман мегузарад, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.
Амрико ва муттаҳидонаш гуфтанд, ки ба Ҳусиҳо ҳамла мекунанд, то пеши вайронкориҳояшро бигиранд.
ИМА сарнагун шудани бесарнишини MQ-9-ро тасдиқ ва рад накардааст. Як низомии амрикоӣ ба хабаргузории AP гуфтааст, ки чунин хабаре шуниданд, вале ҳеч гузориши расмие дар ин бора дастрас накардаанд.
Ин навъи ҳавопаймои бесарнишин бештар аз 32 миллион доллар арзиш дорад.
ИМА ва шариконаш борҳо анборҳои силоҳи Ҳусиҳоро дар Яман мавриди ҳадаф қарор доданд, вале ин гурӯҳ аз рафторҳояш даст накашидааст.