Стефан Дуярич, сухангӯи созмон гуфт, аз моҳи август то кунун бештар аз 1 миллион нафар аз сокинони мӯҳтоҷи ҷануб ва қисматҳои марказии Ғазза ҳеч бастаи рӯзонаи кӯмаки ғизоӣ нагирифтаанд.
Ӯ афзуд:”Бо вуҷуди мушкилоте, ки мо рӯ ба рӯ ҳастем, Созмони Милал ва дигар муассисаҳои имдодӣ ҳама кори мумкинро мекунанд, то ба фаластиниён кӯмакҳои лозим барои зиндагиро расонанд.”
Моҳи дуввум аст, ки фаластиниёни сокини ҷануб ва маркази Ғазза кӯмакҳои рӯзонаи ғизоиро ба қадрӣ кофӣ намегиранд ва фақат як бор ба онҳо хӯрок тақсим карда мешавад.