Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Русия ба Муғулистон сафар кард


Владимир Путин дар Улан Батор
Владимир Путин дар Улан Батор

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия имрӯз бо як сафари баҳсбарангез вориди Улан Батор, пойтахти Муғулистон шуд.

Баъзе аз созмону кишварҳои дунё аз ҳукумати Муғулистон хостаанд, амри Додгоҳи Байналмилалии Кайфариро иҷро ва Владимир Путинро дастгир кунад. Муғулистон узви ин додгоҳи байналмилалӣ аст ва вазифадор аст, ки дастуру қарорҳои онро иҷро кунад.

Додгоҳи мазкур гуфтааст, ки Владимир Путин дар ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз қаламравҳои ишғолии Украина ба Русия даст дорад ва барои ин ҷиноят бояд ҷавоб бигӯяд. Дар фурудгоҳи Улан Батор Владимир Путинро горди фахрӣ пешвоз гирифт.

Сафари ӯ дар 85-умин солгарди пирӯзии нерӯҳои Шӯравии собиқ ва Муғулистон бар артиши Ҷопон дар соли 1939 дар Халкин Гол иттифоқ афтод. Муғулистон соли 2003 ба узвияти Додгоҳи Байналмилалии Кайфарӣ пайваст, ки афроди алоҳидаро барои ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар ҷиноятҳои сахт муҳокима мекунад. Ҳукумати Русия гуфтааст, ки ҳеч нигароние аз сафари Путин ба Муғулистон надоранд.

XS
SM
MD
LG