Дар миёни онҳо Ҳерш Голдберг-Полин, як ҷавони 23-солаи амрикоӣ-исроилӣ, низ ҳаст.
Волидонаш бо чанд раҳбарони ҷаҳон вохӯрда, ба раҳоии ӯ пойфишорӣ доштанд. Аз ҷумла, ин мавзуъ дар анҷумани Ҳизби демократи Амрико дар моҳи августи имсол бардошта шуд.
Хабари ёфт шудани ҷасади чанд гаравгон боис ба тазоҳуроти густурда алайҳи сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, гардид.
Бисёре аз хонаводаҳои гаравгонҳо ӯро барои он ки бо “Ҳамос” ба созиш нарасид ва гаравгонҳоро зинда барнагардонд, сарзаниш карданд.
Музокирот барои созиши оташбас дар Навори Ғазза моҳҳо боз ҷараён дорад. Кӯшиши даст ёфтан ба он то ин дам бенатиҷа будааст.