Фармондеҳии неруи интизомии Эрон 30-юми август дар хабарномае навишт, кормандони пулис "хашму ғазаби худро контрол карда натавонистанд" ва ин чиз боиси марги Муҳаммад Мирмусавӣ шуд.
"Ин рафтори маъмурон ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест ва онҳо дар назди додгоҳ ҷавоб мегӯянд,”-омадааст дар хабарномаи Фармондеҳии низомии Эрон.
Муҳаммад Мирмусавӣ 24-уми август баъди дастгир шудан аз сӯи кормандони пулис дар постгоҳи Лангаруд ҷон бохт. Марги ӯ вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дунбол дошт. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ҷасади хунини ин ҷавони 36-сола дида мешавад, ки бар асари шиканҷаи пулис кушта шуд.