Бино ба гузориши расонаҳои Фаронса, ӯ шоми 24-уми август дар фурудгоҳи Бурге ва ҳангоми вуруд аз Озарбойҷон дастгир шудааст. Миллиардери 39-сола, ки шаҳрвандии Фаронсаву Русияро дорад, бо ҳавопаймои хусусӣ ба Фаронса омадааст. Қарор аст, ӯ рӯзи 25-уми август дар додгоҳ ҳозир шавад ва ба иттиҳоми қонуншиканӣ дар Телеграм посух бигӯяд.
Мақомоти Фаронса то кунун ин қазияро шарҳ надодаанд. Як манбаъ дар Идораи мубориза бо ҷиноятҳо ба зидди ноболиғон гуфтааст, ки Павел Дуров, ба тақаллуб, қочоқи маводи мухаддир, озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона ва тарғиби терроризм муттаҳам мешавад.
Павел Дуров, ки дар Русия ба дунё омадааст, 10 сол пеш ватанашро тарк кард ва соли 2021 шаҳрвандии Фаронсаро гирифт. Ӯ асосан дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекард ва қароргоҳи ширкаташ ҳам онҷост.
Павел Дуров шабакаи иҷтимоии В Контакеро ҳам офаридааст. Ӯ соли 2013 Телеграмро ҳам ба вуҷуд овард, ки чаҳорумин паёмрасони серистифода дар ҷаҳон аст ва 950 миллион корбар дорад. Арзиши Телеграм 30 миллиард доллар ба ҳисоб меравад ва соҳиби аслиаш низ Павел Дуров аст.