Ҳодиса шаби 20 август дар вилояти Язди Эрон рух дод ва бар асоси хулосаи аввалияи полиси роҳи Эрон, хароб шудани тормози мошин сабаби аслии рух додани фоҷеа гуфта мешавад.
Миллионҳо зоирони шиамазҳаб ҳоло барои зиёрати дашти Карбалои воқеъ дар Ироқ ҳаракат мекунанд. Ин маросим ба марги Имом Ҳусейн бин Алӣ – набераи калонии Муҳаммад пайғамбар бахшида шудааст.