Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Толибонро дар шифохонаи Иморот бистарӣ кардаанд


Маълум нест, Мулло Муҳаммад Охунд ба кадом беморӣ гирифтор шудааст.
Маълум нест, Мулло Муҳаммад Охунд ба кадом беморӣ гирифтор шудааст.

Мулло Муҳаммад Охунд, нахуствазири ҳукумати Толибон, ки дар феҳрасти таҳримоти Созмони Милали Муттаҳид аст, барои муолиҷа дар як шифохонаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бистарӣ шудааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи ин кишвар дар як баёнияи кӯтоҳ дар X навиштааст, Муҳаммад ал-Наҳён, раиси ҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба аёдати Мулло Муҳаммад Охунд рафтааст.
Ҷузъиёти дигарро нагуфтаанд.

Нахуствазири Толибони ҳоким бар Афғонистон рӯзи 14-уми август дар маросиму чорабиниҳои саввумин солгарди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ҳузур надошт ва маълум нест, ки чӣ гуна беморӣ дорад.

XS
SM
MD
LG