Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Узбекистон ба Кобул рафтааст, то тиҷоратро баррасӣ кунад


Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон.
Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон.

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон имрӯз бо як ҳайати расмӣ вориди Афғонистон шудааст, то масоили тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ кунад.

Вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар саҳифаи худ дар Х навиштааст, Абдулло Орипов дар мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳои расмӣ ҳузур хоҳад дошт, ки тиҷорат байни ду кишвари ҳамсояро баррасӣ мекунад.

Вазорат ҳамчунин акси ҳайати Узбекистонро ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Кобул нашр кардааст. Ҳукумати Толибонро, ки аз расиданашон ба қудрат се соли расо гузашт, то кунун ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст.

Агарчӣ Узбекистон ҳам ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад, аммо байни ду кишвари ҳамсоя додугирифту тиҷорат зиёд аст ва ҳаҷми он ба миллиардҳо доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG