Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон 8-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шоҳиён, Бахтиёр Абдураҳмонзода дар гирифтани 122 ҳазор сомонӣ дар чанд ҳолат гунаҳкор дониста шуд. Назари Абдураҳмонзода ва наздиконаш ба айбнома маълум нест.
Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Панҷ моҳи январи имсол аз сӯи кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд.
Фасод яке аз мушкилиҳои асосӣ дар низоми додгоҳии кишвар гуфта мешавад ва чандин додрас бо ин иттиҳом боздошту зиндонӣ ё ҷарима шудаанд.