Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи собиқи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистонро дастгир карданд


Эркин Мамбеталиев
Эркин Мамбеталиев

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 9-уми август гуфт,  Эркин Мамбеталиев, муҳофизи собиқи раиси ҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоевро дастгир кардааст.

Ба гуфтаи кумита, ӯ ба узвият дар гурӯҳи ҷиноии таҳти раҳбарии Русбек Актамбоев ва Қамчӣ Колбаев, муттаҳам мешавад, ки моҳи октябр кушта шуд.

Гурӯҳи ҷиноии онҳо бо номи “Ҳалқаи бародарон”, як гурӯҳи қочоқбари маводи мухаддир дар қаламрави Авруосиё аст.

Вазорати умури хориҷии Амрико соли 2014 барои ҳаргуна иттилое, ки тавонад барои аз байн бурдани шабакаи молии Колбаев мусоидат кунад, 1 миллион доллар подош таъйин карда буд.

XS
SM
MD
LG