Модари рӯзноманигор ибтидои моҳи август бо писараш дар зиндони шаҳри Навоии Узбекистон вохӯрдааст. Ба гуфтаи модар, Тоҷимуродов дар як моҳ ҳудуди 10 кило хароб шуда, базур роҳ меравад.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Тоҷимуродов ҳамроҳи 150 зиндонӣ дар як ҷой ва дар шароити бад нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ надоранд.
Додгоҳи шаҳри Бухоро 31-уми январи соли гузашта ҳукми 22 тан аз иштирокдорони эътирозҳои Нуқусро эълом кард. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд. Ҳамчунин 15 гумонбари дигар аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.