Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34 зани узбекистониро аз Туркия ба ватан овардаанд


Кумитаи оила ва занони Узбекистон хабар додааст, ки 34 сокини ин кишвар аз маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Туркия озод ва ба ватан баргардонида шудааст.

Гуруҳи корӣ, ки ба ҳайати он намояндагони Сенат, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, Оҷонси муҳоҷирати хориҷии Узбекистон шомил буданд, бо ташббуси кумита ба Туркия рафта, аз 21 то 25 апрели соли равон бо муҳоҷирони ин кишвар як қатор вохӯриҳо анҷом додааст.

Дар рафти ин вохӯриҳо мушкили 255 зани узбекистонӣ омӯхта шудааст. Аз ҷумла, аз маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Силиврии Туркия 34 зани узбекистониро озод карда, ба ватан баргардонидаанд.

Ҳамчунин ба 4 зани узбекистонӣ барои будубоши қонунӣ иҷозатномаи расмӣ дода, ба беш аз 100 бонуи дигар кумаки ҳуқуқӣ расонида шудааст.

XS
SM
MD
LG