Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР гуфт, Тоҷикистон ба 8 миллиард доллар ниёз дорад


Табиати Тоҷикистон
Табиати Тоҷикистон

Бонки Осиёи Рушд гуфтааст, ки Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои бади тағйирёбии иқлим ба 8 милллиард доллар ниёз дорад.

Рӯзи 9-уми июл дар Душанбе намояндагони БОР ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нақшаи кишвар барои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои бади тағйирёбии иқлимро муаррифӣ карданд.

Дар хабарномае Бонк гуфтааст, ки Тоҷикистон як кишвари дар баробари тағйирёбии иқлим осебпазир аст ва агар аз ин вазъ ҷилавгирӣ нашавад, ба зиндагии мардум таъсири нохуб мерасад.

Қарор аст, ин маблағ аз созмонҳои хориҷӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ба даст ояд ва то соли 2030 барои гузаштан ба истифодаи нерӯи сабз, афзоиши ҷангалзорҳо, ҷорӣ кардани системаи обдиҳии қатрагӣ ва кам кардани дудҳои ғализ сарф шавад.

Дар хабарномаи БОР гуфта шудааст, ки бар асари тағйирёбии иқлим пиряхҳои Тоҷикистон об мешаванд, сел ба киштзору хонаҳои мардум осеб мерасонад ва хушксолӣ ҳосили деҳқононро аз байн мебарад.

Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳама талошро мекунад, то таъсири бади тағйирёбии иқлимро кам кунад.

XS
SM
MD
LG