Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кубро Ҳасанӣ баъди радди дархосташ аз Русия ба Афғонистон баргашт


Кубро Ҳасанӣ
Кубро Ҳасанӣ

Рӯзноманигори афғонистонӣ Кубро Ҳасанӣ, ки бо ҷурми кӯшиши убури ғайриқонунии марз дар Русия ба ду сол зиндони сукунатӣ маҳкум шуд, ба ватанаш баргаштааст.

Дар ин бора "Фонтанка" хабар дод. Қаблан худи Ҳасанӣ ва вакили дифояш Мария Беляева гуфта буданд, ки ба ӯ дар ватан шиканҷа ва зиндон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, рӯзноманигори афғонистонӣ 25-уми июн аз шаҳри Маскав ба Кобул парвоз кардааст. Беляева афзуда, ки рӯзноманигор барои сафар кардан ба кишвари севум имкони молӣ надошт ва маҷбур шуд, ба ватан баргардад.

Додгоҳ дар Санкт-Петербург рӯзноманигори афғонистониро дар убури ғайриқонунии марзи Русия гунаҳкор дониста, ба муҳлати ду сол ба маҳбаси сукунатӣ фиристод. Ҳасанӣ бо назардошти муҳлати қарор доштанаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз толори додгоҳ озод шуд.

Кубро Ҳасанӣ соли 2021 баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон аз кишвар фирор кард. Ӯ як муддат дар Украина зиста, пас аз оғози ҷанг дар он кишвар бо фиреби миёнаравҳо ба ҷойи Аврупо ба Русия бурда шудааст.

Ҳасанӣ дар моҳи майи соли 2022 ҳамроҳи 12 шаҳрванди дигари Афғонистон мехостанд, аз Русия ба Аврупо бираванд, вале аз сӯи маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG