Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистониеро, ки шамъҳои калисоро дар Русия пуф кард, ба табобат фиристоданд


Аскар Бутаев
Аскар Бутаев

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои хомӯш кардани шамъҳои як калисо дар ҷанубуғарби Маскав боздошт шуд, ба табобат фиристода мешавад.

Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия 24-уми июн хабар дод, ки Аскар Бутаеви 20-сола “ба табобати маҷбурӣ ниёз дорад”. Таҳқиқи парвандаи Бутаев бар асоси моддаи таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ ҷараён гирифт.

Баъди боздошт Бутаевро аз санҷиши равонӣ гузаронида ба хулосае омаданд, ки ӯ “хусусият ва хатари ҷамъиятии амалашро дарк намекард”.

Ҳодиса 18 июн дар ибодатгоҳи ба номи Феодор Ушаков рӯй дод. Бутаев тамоми шамъҳои фурӯзони калисоро хомӯш кард ва як намозгузорро тела карда берун баромад. 19-уми июн Бутаевро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG