Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Куриёи Шимолӣ дар давр задани таҳримҳо ба ҳамдигар кумак мекунанд


Владимир Путин ва Ким Чен Ин
Владимир Путин ва Ким Чен Ин

Русия ва Куриёи Шимолӣ ба созиш расидаанд, ки дар давр задани таҳримҳои эъломшуда алайҳашон ба ҳамдигар кумак кунанд.

Ин нукта дар созишномаи ҳамкорие дарҷ шуда, ки аз сӯи раҳбарони Русия ва Куриёи Шимолӣ -Владимир Путин ва Ким Чен Ин дар шаҳри Пхенян ба имзо расид.

Дар созишнома омадааст, дар сурати эъломи таҳрим зидди Маскав ё Пхенян "ҷонибҳо барои коҳиши хатарҳо, рафъ ё кам кардани таъсири мустақим ва ғайримустақими таҳримҳо чораҳои заруриро хоҳанд андешид".

Куриёи Шимолӣ гуфтааст, ҷонибҳо ба созиш расидаанд, дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтани тарафе ба ҳамдигар "кумаки низомӣ ва дигар"-ро расонанд.

Путин таҳримҳои эъломшуда зидди Куриёи Шимолиро куҳнашуда номид. Маскав гуфт, барои бекор шудани онҳо талош хоҳад кард. Вале ин мавқеъ Русияро аз риояи ҳатмии онҳо озод намекунад.

Владимир Путин рӯзи 19-уми июн бо сафари дурӯза ба Пхенян рафт.

XS
SM
MD
LG