Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эроние, ки ҳукми абад гирифта буд, аз Шветсия озод шуд


Ҳамид Нурӣ дар Ирон
Ҳамид Нурӣ дар Ирон

Як мақомдори собиқи Эрон, ки дар Шветсия ҳукми абад гирифта буд, аз зиндон озод ва ба ватанаш баргаштааст.

Ҳамид Нурӣ ба он муттаҳам мешуд, ки дар соли 1988 ҳамчун мақомдор дар ҳукми қатли беш аз 5 ҳазор зиндонӣ дар Эрон даст дорад.

Шветсия Ҳамид Нуриро бо Йоҳан Флодерус, корманди Иттиҳоди Аврупо ва Саид Азизӣ, шаҳрванди ин кишвар иваз кард.

Йоҳан Флодерусро, ки шаҳрванди Шветсия буд, соли 2022 бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Эрон боздошт карданд. Саид Азизиро охири соли 2023 боздошт ва “барои фаъолиятҳои зидди амнияти миллӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум карда буданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар гуфтанд, ки Эрон ин ду нафарро бо туҳмат боздошт карда, ҳадафаш иваз кардани онҳо бо Ҳамид Нурӣ буд. Онҳо Шветсияро танқид карданд, ки фиреби Эронро хурдааст.

Ҳамид Нуриро дар Эрон бо гулдаста пешвоз гирифтанд.

Мақомоти шветсия гуфтанд, ин “тасмими хеле сахт” буд.

Ивази Ҳамиди Нурӣ бо ду шаҳрванди Шветсия бо миёнаравии Уммон, як кишвари арабӣ сурат гирифтааст.

Эрон бо Шветсия робитаи дипломатӣ надорад.

XS
SM
MD
LG