Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини амнияти Қазоқистон хостааст, ӯро афв кунанд


Карим Масимов
Карим Масимов

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов, ки бо гуноҳи хиёнат ба давлат 18 сол зиндонӣ шудааст, аз президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дархост кардааст, то ӯро афв кунад.

Дар кумита гуфтанд, ки Масимов ҳанӯз дар моҳи марти имсол талаби афв карда буд. Ба иттилои масъулони кумита, дар ҳоли ҳозир тафтиши ду парвандаи дигари Масимов бо бандҳои пулшӯӣ ва порахӯрӣ идома дорад.

Хабаргузории "Казинформ" иттилоъ дод, ки раиси пешини Кумитаи амнияти милии Қазоқистон аз маҳбас ба боздоштгоҳи шаҳри Остона интиқол дода шудааст.

Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум карда шудааст.

Додгоҳ инчунин амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов - Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.

XS
SM
MD
LG