Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба мактаби СММ дар Ғазза ҳамла кард


Сарбозони Исроил дар Ғазза
Сарбозони Исроил дар Ғазза

Артиши Исроил рӯзи 6-уми июн ба бинои мактаби Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза ҳамла кардааст.

Исроил иддао дорад, ки дар онҷо 20-30 ҷангҷӯи ҲАМОС, гурӯҳи террористӣ дар Амрико ва Аврупо, ҷойгир буд.

ҲАМОС гуфт, онҷо танҳо мардуми осоишта паноҳ бурда буданд, ки 40 нафар, аз ҷумла 14 кӯдак дар ин ҳамла кушта шудааст.

Намояндагии СММ дар Ғазза тасдиқ кардааст, ки шумори қурбониёни ҳамлаи Исроил ба ин мактаб ба 35 нафар расидааст.

Шоҳидон ба расонаҳо нақл кардаанд, ки Исроил ба боми ин мактаб бо ду мушак ҳамла кард.

ҲАМОС гуфтааст, ки Исроил бо дурӯғҳои сохта ҷиноятҳои худро пинҳон мекунад, вале низомиёни исроилӣ мегӯянд, ин гурӯҳ дар миёни одамони оддӣ пинҳон мешавад.

Ҷанги Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза ҳашт моҳ боз идома дорад. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 36 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG