Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ шаллоқ задани даҳҳо нафар дар "Сарипул"-и Афғонистонро маҳкум кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Созмони Милали Муттаҳид шаллоқ задани даҳҳо нафар дар Афғонистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Толибон хост ба ин амал поён диҳанд.

Намояндагии СММ дар Афғонистон гузориш дод, ки ҳудуди 63 нафар, аз ҷумла, 14 зан, рӯзи 5-уми июн дар варзишгоҳе дар вилояти Сарипул дар шимоли ин кишвар дар маҳзари умум шаллоқ зада шуданд.

Ин ҳайат дар баёнияе, ки дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери пешин) нашр шуд, гуфт, "Дафтари намояндагии СММ бори дигар муҷозоти баданиро маҳкум карда, хостори эҳтиром ба ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аст".

Ҳайбатуллоҳ Охунозода, раҳбари Толибон дар моҳи марти имсол эълон кард, ки ҳукумати ӯ "иҷрои қонунҳои шариат", аз ҷумла шаллоқ задани занон дар маҳзари умум ва сангсор барои муҷозоти "робитаи номашруъ"-ро амалӣ мекунад.

Ӯ дар як навори савтӣ, ки рӯзи 26-уми март аз радиои давлатии зери назорати Толибон пахш шуд, гуфт, "мо занонро барои робитаҳои номашрӯъ шаллоқ мезанем ва сангсор мекунем. Шумо шояд ин ҷазоҳоро нақзи ҳуқуқи занон биномед, чун бо усули демократии шумо дар мухолифат қарор дорад. Вале ман намояндаи Худо ва шумо намояндаи Шайтон ҳастед".

Бар асоси пажӯҳиши "Шоҳид афғон", гурӯҳе, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистонро баррасӣ мекунад, фақат дар соли гузашта додгоҳҳои Толибон 418 ҳукми шаллоқ ва эъдом дар маҳзари умумро содир кардаанд, ки 57 маврид аз онҳо дар ҳаққи занон иҷро шудааст.

Охирин маврид аз эъдом ё қатл дар маҳзари умум дар моҳи феврали имсол дар як майдони варзишӣ дар вилоятҳои Ҷузҷон ва Ғазнӣ иҷро шуд. Гурӯҳи Толибон мардумро ташвиқ мекунад, ки барои "ибрат гирифтан" иҷрои ин муҷозотҳоро тамошо кунанд, вале наворбардорӣ ва акс гирифтан аз саҳнаи эъдом манъ аст.

Гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2021 дигарбора ба қудрат расид. Ҳукумати онҳоро то кунун ҳеҷ кишвари дунё ба расмият нашинохтааст. Толибон барои нақзи ҳуқуқи башар ва манъи кору таҳсили занону духтарон танқид мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG