Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қуштеппа" ба Афғонистон "солона $500 млн даромад меорад"


Канали «Қуштеппа» дар шимоли Афғонистон
Канали «Қуштеппа» дар шимоли Афғонистон

Ифтитоҳи канали «Қуштеппа» дар шимоли Афғонистон ба ҳисоби миёна ба ин кишвар 500 миллион доллари амрикоӣ даромад меорад.

«Афғонистон баъди бунёди канали Қуштеппа ва рӯдхонаҳои ёрирасони он солона 470-550 миллион доллар даромад ба даст меорад», - мегӯяд коршиносони афғон дар масъалаҳои вобаста ба манбаъҳои обӣ Наҷибулло Садид.

Ба гуфтаи Саид, баъди ба поён расидани сохтмони «Қуштеппа» дар иқтисоди Афғонистон пешрафти назаррас мушоҳида хоҳад шуд.

Сохтани канал баҳори соли 2022 шуруъ шуд. Намояндагони расмии Толибон гуфтанд, моҳи феврали имсол марҳилаи дувуми сохтмони канал оғоз гардидааст. Ин канал барои обёрии минтақаҳои шимоли Афғонистон аз дарёи Ому об мегирад. Қутбиддин Яъқубӣ, коршиноси афғонистонӣ гуфтааст, тарҳи мазкур "инқилоби сабз"-ро ба бор меорад ва боиси ташкили ҷойҳои кории зиёд мешавад.

Толибон нақша доранд, сохтмони каналро соли 2028 ба поён расонанд. Дарозии он аз 285 км, паҳноияш аз наздики 100 метр ва умқаш аз 8,5 метр иборат аст. Бино ба баҳогузории коршиносон, канали мазкур то 20 дарсади оби Омуро хоҳад гирифт. Дарёи Ому нақши марзро байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз як сӯ ва Афғонистонро аз сӯи дигар дорад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сифати сохтмони канал нигаронанд. Аксҳое дар интернет дар тирамоҳи соли 2023 нашр шуданд, ки эҳтимоли рахна шудани каналро нишон медиҳанд.

Маълум нест, канал дар пайи чӣ рахна шудааст.

XS
SM
MD
LG