Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи тахриби обанбори бузурге дар Украина


Ранҷу азоби рахна шудани сарбанди азими Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Ранҷу азоби рахна шудани сарбанди азими Украина

Аз тахриби мудҳиши обанбори "Нова Каховка" дар Украина як сол гузашт. Садди якбора харобшуда боиси обхезии шадиде шуд ва имрӯз ҳам мушкилоти зиёде дорад.

Сохтмонҳои зиёде дар минтақа бо хатари фурӯрезӣ рӯбарӯ ҳастанд, чун дар ин як сол имкони гарм ва барқарор кардани ин биноҳо вуҷуд надошт.

Украина Русияро гунаҳгор кард, ки ин обанборро қасдан хароб кард, чун Русия қаламрави атрофи онро ишғол карда буд. Русия иддао мекунад, ки садро украиниҳо хароб карда буданд.

Паёмадҳои обхезии мудҳиши баъди канда шудани сарбанди "Нова Каховка" имрӯз ҳам мушкилоти нав эҷод мекунад. Рӯзи 6-уми июни соли 2023 сарбанд канда шуд ва Украина гуфт, ин кори дасти Русия аст. Артиши Русия он замон дар атрофи сарбанд мустақар шуда буд. Вале Маскав гуфт, Киев дар ин кор гунаҳгор аст.

Елена, як сокини маҳаллӣ онрӯзро чунин ба ёд овард: "Ман аз тирезаи боло баромада якбора ба дохили қаиқ паридам. Об хеле зиёд буд. Тасаввур мекунед, якбора ба дохили қаиқ паридам, онҳо аз дастам гирифтанд."

Ҳоло Елена то ҳол ба хонааш баргашта наметавонад.

Мақомот гуфтанд, ки агар соли сеюм ҳам хона бе шабакаи гармидиҳӣ монад, бино фурӯ мерезад.

СММ гуфт, дар паи канда шудани сарбанд, 37 ҳазор манзил тахриб шуд ва 1 миллион нафар бе оби ошомиданӣ монд. Даҳҳо ё шояд ҳазорҳо нафар ҷон дод. Имрӯз ҳам камбуди оби ошомиданӣ як мушкил боқӣ мемонад. СММ гуфт, зиёни фоҷеа 14 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG