Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Team Insane Pakistan" маълумотро дар бораи садҳо қирғизистонӣ нашр кард


"Team Insane Pakistan"
"Team Insane Pakistan"

Як гурӯҳ аз рахнагарон, ки худро "Team Insane Pakistan" муаррифӣ мекунанд, маълумоти беш аз 600 қирғизистониро ошкор ва нашр кардаанд.

Рахнагарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва паёмрасони Телеграм гуфтаанд, ин корро дар эътироз ба бетартибиҳои шаби 17-уми май дар Бишкек алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ анҷом додаанд.

Рахнагарон дар посух ба суоли бахши қирғизии Радиои Озодӣ навиштаанд, ки онҳо сомонаи "gov.kg"-ро рахна карда, маълумоти вобаста ба Додгоҳи олии Қирғизистонро дастрас карданд. Дар додгоҳ ин иддаоро рад карданд.

Хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар пайи омӯзиши маълумоти нашршуда муайян карданд, ки рахнагарон дар баробари иттилоъҳои куҳна маълумоти муҳим, аз ҷумла рақами мушаххаси андозсупорандаи қирғизистониҳоро нашр кардаанд.

Ҳамчунин дар рӯйхат номи мансабдорон, сиёсатмадорон ва раҳбароне ҳам ҳаст, ки масъули амнияти сайберӣ ё кибернетикӣ дар Қирғизистон мебошанд. Бархе аз онҳо то ҳол дар нишониҳои зикршуда ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG