Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Шӯрои Амният хост, аз тарҳи оташбас дар Ғазза ҳимоят кунад 


Шӯрои Амнияти Созмони Милал. Акс аз моҳи апрели 2024
Шӯрои Амнияти Созмони Милал. Акс аз моҳи апрели 2024

Иёлоти Муттаҳида аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, аз тарҳи президенти Амрико Ҷо Байден барои поён додан ба ҷанг дар Навори Ғазза пуштибонӣ кунад.

Ҳадафи тарҳи семарҳилаӣ хатми ҷанги тақрибан ҳаштмоҳа дар Ғазза, раҳоии ҳама гаравгонҳои исроилӣ аз дасти “Ҳамос” ва интиқоли кумакҳои бузурги башардӯстона ба фаластиниён аст.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро як созмони террористӣ медонанд.

Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи севуми июн гуфт, тарҳи оташбас ба 14 кишвари узви Шӯрои Амният пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG