Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбе, ки мусалмонони Ҳинд қабул надоранд, пирӯз шуд


Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон эълон кард, ки пирӯз шудаанд.
Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон эълон кард, ки пирӯз шудаанд.

Иттиҳоди ростгарои Миллӣ-Демократии Ҳиндустон бо эҳтимоли зиёд дар интихоботи порлумонӣ аксари овозҳоро ба даст овардааст.

Дар ин Итттиҳод нақши асосиро ҳизби "Бхаратия Ҷаната" дорад, ки онро ба сиёсатҳои зидди мусалмонон дар Ҳиндустон мутттаҳам мекунанд. Мусалмонони Ҳинд ин ҳизбро барои фаъолиятҳои зиддимусалмониаш танқид мекунанд. Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон аз ин ҳизб намояндагӣ дорад.

Тарафдорони Моди бар асоси охирин ҳисобҳои пешакӣ эҳтимол аз 355 то 380 курсӣ дар порлумонро дар ихтиёр бигиранд.

Итттиҳоди "INDIA" бо раҳбарии Раҳул Гандӣ, набераи Индира Гандӣ эҳтимол аз 125 то 165 курсиро дар порлумон бигирад.

Натиҷаи ниҳоӣ рӯзи 4-уми июн эълон мешавад, вале Моди эълон кард, ки тарафдоронаш пирӯз шудаанд.

Модии 73-сола, ки аз соли 2014 дар қударт аст, дар сурати пирӯзии ҷонибдоронаш эҳтимол бори сеюм сарвазири Ҳиндустон шавад. Ӯ пинҳон намекунад, ки миллатгарои ҳиндӣ аст.

Мухолифонаш ӯро ба саркубу фишори ақаллиятҳои мусалмон дар Ҳиндустон айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG