Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алсу Қурмашева то 5 август дар Боздоштгоҳ мемонад


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Қазон (Русия) рӯзи 31-уми май муҳлати ҳабси Алсу Қурмашева, хабарнигори дастгиршудаи бахши тотору бошқирдии Радиои Озодиро дигарбора дароз кард.

Бар асоси қарори нав, вай то 5-уми августи имсол дар Боздоштгоҳ хоҳад монд.

Вакили мудофеи хабарнигор барои ба ҳабси хонагӣ кӯчондани Алсу Қурмашева пофишорӣ кард, аммо додгоҳ напазируфт.

Ба гузориши Idel.Realii, як бахши Радиои Озодӣ, намояндагони сафорати Австралия ва Ҷумҳурии Чехия ба мурофиаи рӯзи 31-уми май рафта буданд.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико аст, аз моҳи октябри соли 2023 боз дар Боздоштгоҳ аст. Вай моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафта буд.

Аввал барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

XS
SM
MD
LG