Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад пӯшидани ниқобро дар мактабҳо манъ кунад


Ба навиштаи телеграм-канали БАЗА, наздик ба мақомоти қудратии Руcия, вакилони Дума ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гуфтаанд, барои манъи либосе, ки рӯйи инсонро мепӯшонад, бояд худи онҳо тасмим гиранд.

Муаллифони ин тарҳ ба Қонуни асосии Русия ишора кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, Русия давлати дунявӣ буда, ҳеҷ дин наметавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуд ва хатари эҳтимолиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эҷод кунад.

Дар айни замон хабаргузории ТАСС навиштааст, "муовини раиси Думаи давлатӣ аз ҳизби "Новые люди" ба мақомоти вилоятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳаққи манъи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мактабҳоро пешниҳод кардааст".

Ин дар ҳолест, ки қаблан муфтии Маскав Илдар Аловиддинов аз паёмадҳои манъи ниқоб дар Русия ҳушдор дода, гуфт, "манъи ниқоб метавонад боиси хашми мусулмонони Русия гардида, дар ҷомеа манобеъи нави ташаннуҷро ба вуҷуд оварад".

Вай кӯшиши манъи пӯшидани ниқобро як амали ошкори нақзи меъёрҳои қонуни дунявӣ ва Конститутсия номид. Феълан маълум нест, ки ин лоиҳаи баҳсбарангез барои мусалмонҳои Русия қабул мешавад ё не, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай баҳс сари ин мавзуъ зиёд дида мешавад.

XS
SM
MD
LG