Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ ба замини ҳамсояи ҷанубиаш партов партофтааст


Марзи Кореяи Ҷанубӣ
Марзи Кореяи Ҷанубӣ

Кореяи Шимолӣ дар беш аз 150 кураи ҳавоӣ ба Кореяи Ҷанубӣ партов фиристодааст.

Дар ин бора Хабаргузории "Рёнхап" бо истинод ба изҳороти низомиёни Кореяи Ҷанубӣ иттилъ дод.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ аллакай сокинони минтақаҳои наздимарзиро огаҳ кардаанд, ки эҳтиёткор бошанд. Ҳамчунин аз онҳо хоста шудааст, ки ҳангоми мушоҳида ашёи шубҳанок ба наздиктарин пойгоҳи низомӣ ё шуъбаи пулис хабар диҳанд.

Дар аввал гуфтанд, ки кураҳои ҳавоӣ варақаҳои таблиғотиро интиқол медиҳанд, вале дар аксҳое, ки хабаргузорӣ нашр кард, дида мешавад ба кураҳои сафеди ҳавоӣ халтаҳои партов баста шудааст

Фаъолони мадании Кореяи Ҷанубӣ баъзан тавассути кураҳои ҳавоӣ ба самти Кореяи Шимолӣ варақаҳоеро мефиристанд, ки дар онҳо президенти ин кишвар Ким Чен Ин интиқод шудааст.

Пхенян 26 май ҳушдор дод, ки ба ин кори фаъолони Куриёи Ҷанубӣ посухи ҳамсон медиҳад.

XS
SM
MD
LG