Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷавони тоҷикро дар Минск бо иттиҳоми терроризм дастгир кардаанд


Акс аз шабакаҳои иҷтимоист.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоист.

Телевизиони давлатии Ҷумҳурии Белорус аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки ба қавли муфаттишон ба омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Расонаҳои Белорус бо нашри видеои мақомоти интизомӣ дар рӯзи 25-уми май навиштаанд, ки ин ду нафарро дар ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Минск дастгир кардаанд. Онҳоро узви ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ номидаанд, ки ба анҷоми ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус дар канори Маскав муттаҳам мешавад.
Дар хабар омадааст, ки ҳардуро ба дасти кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон супурдаанд, то дар кишвар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Ному насаби боздоштшудаҳоро нагуфтаанд.
Айни замон дар хабарҳо омадааст, ки ин ду нафар мехостанд, ба Олмон бираванд ва онҷо паноҳ баранд. Чанд нафари дигар барои мусоидат дар барномарезии сафари онҳо ба Олмон дастгир шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳануз ин хабарро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG