Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон чаҳор деҳаро ба Озарбойҷон дод


Нахустин аломатҳои таъйину тақсим дар марзи Арманистону Озарбойҷон.
Нахустин аломатҳои таъйину тақсим дар марзи Арманистону Озарбойҷон.

Дар идомаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Озарбойҷон рӯзи 24-уми май назорати чаҳор деҳа дар марз бо Арманистонро ба ихтиёри худ гирифт.

Деҳаҳои Баганис Айрим, Асагӣ Аскирапа, Хайримлӣ, Қизилҳачилӣ аз ин баъд дар қаламрави ноҳияи Қазахи Озарбойҷон хоҳанд буд.

Ҳукуматҳои ду кишвар ин тавофуқро қадами дигаре да роҳи ба эътидол овардани робитаҳо байни Арманистону Озарбойҷон хонданд.

Созиш сари баргардонидани деҳаҳо ба қаламрави Озарбойҷон моҳи апрел ҳосил шуд ва онро як қарори таърихӣ барои расидан ба созиши сулҳ медонанд.

Айни замон мухолифони давлат дар Арманистон ба зидди ин қарор эътироз карда ва хостори истеъфои нахуствазир Никол Пашиниён шуданд.

XS
SM
MD
LG