Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу дар назди Конгресс суханронӣ мекунад


 Акси сохташудаи Ҷо Байден, президенти ИМА (аз чап) ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу
Акси сохташудаи Ҷо Байден, президенти ИМА (аз чап) ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу

​​​​​​​Раҳбари ҷумҳурихоҳи маҷлиси Амрико Майк Ҷонсон рӯзи 24 май гуфт, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст дар назди аъзои Конгресс суханронӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки равобити миёни раҳбари Исроил ва президенти ИМА Ҷо Байден дар робита бо тарзи пешбуржи ҷанги Ғазза аз ҷониби Исроил пуртаниш шудааст.

Ҷонсон мунаққиди президенти демократи Амрико аст. Ӯ, ки дар маросими бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Исроил дар сафорати ин кишвар суханронӣ мекард, баромади Нетаняҳуро дар назди Конгресс “намоиши қавии пуштибонӣ аз ҳукумати Исроил дар замоне, ки ин кӯмак бисёр зарур аст”, номид.

Ин ҳодиса метавонад демократҳои пешрафтаи мунаққиди амалиёти низомии Исроил дар Ғаззаро бештар хашмгин кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG