Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: Нишонаҳое аз бархӯрди гулӯла дар чархболи Раисӣ мушоҳида нашуд


Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе нахустин гузориши худро дар бораи вожгунии чархболе, ки раиси ҷумҳури он кишвар Иброҳим Раисӣ савори он буд, нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, "нишонаҳои бархӯрди гулӯла ва ё мавридҳои монанд ба он дар пораҳои боқимондаи чархболи сарнагуншуда дида нашудааст".

Иброҳим Раисӣ, ҳаштумин раиси ҷумҳури Эрон нимарӯзи 19-уми май дар роҳи бозгашт аз маросими кушодашавии обанбори "Қиз Қалъасӣ" дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ, ҳаммарз бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дучори сонеҳа шуд ва ӯву ҳафт тан аз ҳамроҳонаш ҷон бохтанд.

Дар гузориши Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон омадааст, "чархбол дар масири пешбинишуда аз қабл роҳи худро идома дода, аз роҳи муайяншудаи парвозӣ берун нашуда ва ҳудуди якуним дақиқа қабл аз ҳодиса, халабони чархболе, ки дучори сонеҳа шуд, бо ду чархболи дигари гурӯҳи парвозӣ тамос барқарор кардааст".

Ин гузориш меафзояд, "чархболе, ки ба сонеҳа рӯбарӯ шуд, пас аз бархӯрд бо як баландӣ, дучори оташсӯзӣ шудааст".

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар идома мегӯяд, "бинобар печидагиҳои минтақа, туман ва дараҷаи ҳарорати паст, амалиёти ҷустуҷӯӣ ба шаб кашида шуд ва дар тӯли шаб низ идома меёбад ва дар бомдоди субҳи душанбе (соати 5) бо кӯмаки парандаҳои бесарнишини эронӣ нуқтаи дақиқи маҳали ҳодиса мушаххас ва нерӯҳои заминии амалиёти ҷустуҷӯ дар он нуқта ҳузур пайдо мекунанд".

Нахустин гузориши Ситоди кулли неруҳои мусллаҳи Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти он кишвар аз соатҳои ибтидоии хабари рух додани ҳодиса барои чархболи Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш, гузоришҳои зидунақиз дар бораи ин руйдод матраҳ кардаанд.

Вокунишҳо ба ин ривоятҳои зидунақиз то ҳадде густурда буд, ки ҳатто бархе шахсиятҳои наздик ба ҳукумат ва расонаҳои дохилии Эрон низ бо вуҷуди фазои амниятӣ ва таҳдидҳо дар ин замина, интиқодҳои зиёдеро матраҳ карданд.

Дар ҳамин замина ду рӯзномаи чопи Теҳрон хостори шаффофият дар "норушанӣ"-ҳои ин ҳодиса ва баррасии эҳтимоли вуҷуди "тавтеаи хориҷӣ" дар пайванд ба ин ҳодиса шуданд.

Рузномаи "Ҳаммеҳан" дар сармақолаи шумораи рӯзи панҷшанбеи худ навишт, аввалин масъала дар ин замина, "иттилоърасонии нодуруст ва норушан" буд ва дувум "изҳороти ғайри қобили фаҳм"-и масъулини Ҷумҳурии исломӣ, ки "на танҳо норӯшаниҳоро аз байн намебаранд, балки бар он меафзояд".

Рӯзномаи "Ҷумҳурии исломӣ" ҳам дар шумораи рӯзи панҷшанбеи худ бо ишора ба ин мавзуъ навишт, "инки аз се чархболи эронии дар ҳоли бозгашт аз минтақаи марзӣ ба тарафи Табрез, фақат чархболи ҳомили раиси ҷумҳур дучори ин ҳодиса шудааст, зимни инки метавонад рабт доштани ин ҳодиса бо омилҳои бодуҳавоиро аз байн барад, эҳтимоли тавтеа буданро тақвият мекунад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG