Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик аз боронгарии сахт, сел ва жола


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 24 ва 25 май дар кишвар боронҳои пуршиддат, сел, раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода вобаста ба ин вазъ, ба ниҳодҳои зидахл ва аҳолӣ муроҷиат кардааст, ки барои пешгирии оқибатҳои сел, каналҳо, селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Кумита ҳамзамон ба волидон муроҷиат карда, аз онҳо хостааст, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд ва онҳоро ба моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, инчунин ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва ҳезум равон накунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар гузашта борҳо аз селу боронҳои пуршиддат зиён дида, аз камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят кардаанд.

Тоҷикистон кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.

XS
SM
MD
LG