Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Абдурозиқ: Барои гузаронидани маросими издивоҷи ӯ ба Дубай меравем


Абдурозиқ овозхон ва блогери тоҷик дар саҳфаи инстаграмаш эълон кардааст, ки барояш номзади мувофиқ ёфта, ба зудӣ маросими хонадоршавиашро баргузор хоҳад кард.

Арӯсшавандааш Амира ном дошта, духтари Шарҷа аз Аморати Мутаҳҳидаи Араб будааст. Вале дар бораи ҳамсари ояндааш маълумоти зиёд надодааст.

Дар идомаи навор як ангуштарии алмосии дилшаклро ба ҳаводоронаш намоиш дода, гуфтааст, ки тӯй моҳи июли соли 2024 барпо мешавад. "он рӯзҳои хотирмонро бесаброна интизорам" – гуфт, Абдурозиқ.

Савриқул Эгамов, падари Абдурозиқ аз деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ин навиди оилавиашонро тасдиқ кард ва гуфт, ки эҳтимол барои гузаронидани маърака ҳамаи аъзои хонаводаашон ба шаҳри Дубай мераванд. Ба гуфтаи Эгамов ҳоло писараш дар Ҳиндустон қарор дорад.

“Ин номзадро менеҷери лоиҳаи Абдурозиқ пайдо кардааст ва ӯ низ ин пешниҳодро пазируфтааст. Мо дар ин бора тақрибан 2 ё 3 моҳ пеш огоҳ шудем. Аммо ҳанӯз арӯсро надидаем ва пеш аз маросим шинос хоҳем шуд.” - афзуд падари Абдурозиқ.

Савриқул Эгамов соҳиби 5 фарзанд аст. Абдурозиқ писари дуюми оила аст.

Абдурозиқ – ҷавони 20-солаи тоҷик, ки бо қади пасту сурудхонияш машҳур шудааст, ду соли охир дар хориҷ аз кишвар иқомат дорад. Вай дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол аст ва аксу навoрҳояш ҳаводорони зиёд доранд. Аммо маълум нест ихтиёри саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар дасти худи ӯ аст ё сарпарастонаш.

Абдурозиқ чанде пеш дар реалити шоуи "Bigg Boss 16" баромад кард ва бо ҳунари худ ҳунармандону сокинони Ҳиндустонро ба ваҷд овард.

Соли гузашта Daily Pakistan гуфта буд, ки вай дар як филм бо ситораи ҳиндӣ Салмон Хон нақш бозӣ мекунад ва намоишномае, ки номи шартиаш “Бародар” аст, соли оянда дар пардаи синамо пайдо мешавад.

XS
SM
MD
LG