Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии панҷуми Давлат Болтаев дар бокси ҳирфаӣ


Давлат Болтаев
Давлат Болтаев

Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаи «Шаби қаҳрамонҳои IBA Asian», ки дар шаҳри Алмато доир гардид, ба Сагиндик Тогамбайи қазоқ пирӯз шуд.

Чунон ки оҷонсии иттилоотии sports.kz хабар додааст, дар мусобиқаи навбатӣ аз силсилаи “Шаби қаҳрамонҳои IBA Asian», ки 27-уми апрел дар Алмато баргузор шуд, муштзанҳои маъруфи қазоқ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Сигиндик Тогамбайи қазоқ, ки дар мусобиқаи мазкур бори аввал ширкат дошт, дар як рақобати сахту сангин аз муштзани тоҷик Давлат Болтаев (5-0, 2 КО) дар раунди шашум бо қарори ҷудогонаи доварон мағлуб шуд.

Ин пирӯзии панҷуми Болтаев дар ринги ҳирфаӣ ба шумор мерафт. Зимнан, ин муштзани 25-солаи тоҷик соли гузашта дар Бозиҳои 19- уми осиёӣ дар Ҳуангжоуи Чин дар мусобиқаи бокс байни мардон дар вазни то 92 кило барандаи медали тилло гардида, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис 2024 шуда буд.

Натоиҷи мусобиқаи «Шаби қаҳрамонҳои IBA Аsian»-2024 дар Алмато:

Адлан Селмурзаев (Қазоқистон, 6-1, 5 КО) — Артуш Оганесян (Арманистон, 6-0, 5 КО) — вазни нимвазнин, пирӯзии Оганесян баъди раунди чаҳорум бо сабаби аз мубориза даст кашилани рақибаш;

Темиртас Жусупов (Қазоқистон, 1-0) — Анвар Ҳоҷиев (Қирғизистон, 0-1) — вазни сабуктарин, пирӯзии Жусупов бо қарори якдилонаи доварон;

Бекман Сойлибоев (Қазоқистон, 19-1, 9 КО) — Давит Азизян (Арманистон, 1-0) — вазни сабук, пирӯзии Сойлибоев бо қарори ҷудогонаи доварон;

Сагиндик Тогамбай (Қазоқистон, 0-1) — Давлат Болтаев (Тоҷикистон, 5-0, 2 КО) — вазни сангинтарин, пирӯзии Болтаев бо қарори ҷудогонаи доварон;

Фаррух Тохтасинов (Қазоқистон, 2-0, 0 КО) — Юрий Осипов (Русия, 4-1, 3 КО) — вазни аввали сабук, пирӯзии Тохтасинов бо қарори якдилонаи доварон;

Абел Мина (Эквадор, 18-3-1, 9 КО) — Магомед Маъдиев (Русия, 16-2-3, 5 КО) — вазни миёна, пирӯзии Мина бо қарори якдилонаи доварон;

Алӣ Ахмедов (Қазоқистон, 20-1, 15 КО) — Карлос Риверо (Венесуэла, 26-4-1, 15 КО) — вазни дуюми миёна, пирӯзии Ахмедов бо нокаут дар даври дуюм;

Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон, 7-0, 2 КО) — Луис Антонио Техеда (Ҷумҳурии Доминикан, 9-1-1, 6 КО) — вазни нимвазнин, пирӯзии Нурдавлатов бо қарори якдилонаи доварон;

Талгат Шайкен (Қазоқистон, 9-1, 5 КО) — Саидҷамшед Ҷаъфаров (Узбекистон, 1-0) — пирӯзии Ҷаъфаров бо қарори ҷудогонаи доварон (набард барои унвони қаҳрамони IBA Asian дар вазни аввали сабук).

XS
SM
MD
LG