Дар нимаи аввали бозӣ тими миллии Эрон ба дарвозаи мизбонон ду голи беҷавоб зад. Голҳоро Маҳдӣ Каримӣ (дақиқаи 1-ум) ва Саид Аҳмад Аббосӣ (6) ба самар расонданд. Нимаи дуюми бозӣ низ бо бартарии эрониҳо сурат гирифт. Онҳо боз ду гол заданд: Алиасғар Ҳасанзода Навлиғӣ (27) ва Боғир Муҳаммадӣ (35). Як голи тайландиҳо ба сарвони даста Ҷирават Сорвичиан (26) мутааллиқ аст.
Ба ин тартиб, тими миллии Эрон бо роҳбарии сармураббӣ Воҳид Шамсӣ дар финал муқобили мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои Ҷоми Осиё-2024 сарфароз гашт. Дарвоқеъ, эрониҳо соли 2018 дар Тайланд бо шикаст додани Ҷопон дар финали Ҷоми Осиё бо ҳисоби 4:0 қаҳрамон шуда буданд.
Умуман, дар Ҷоми Осиё, ки бори 17-ум баргузор шуд, танҳо ду дастаи мунтахаб ғолиб шудааст. Эрониҳо 13 бор ва ҷопониҳо 4 бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтаанд.
Ба дастаи мунтахаби Тайланд зери роҳбарии сармураббӣ Мигуэл Ҷосе Родригои испанӣ барои ҷойи дуюм медалҳои нуқра тақдим гардид. Тайландиҳо бори сеюм (2008, 2012, 2024) мақоми дуюмро касб карданд.
Медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё-2024 насиби тими миллии Узбекистон шуд. Футзалбозони узбек дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Тоҷикистонр аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 3:1 шикаст доданд (замони асосӣ – 5:5). Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Дар нимаи дуюм футзалбозони узбек се гол (яктоаш аз пеналти) ва бозигарони тоҷик чаҳор гол заданд. Дарвоқеъ, Самандар Ризомов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ин бозӣ се гол зад, “хет-трик” кард.
Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард. Дар иҷрои ин кор бозигарони узбек маҳорати хуб нишон дода, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Ҳамин тариқ, тими миллии Узбекистон зери роҳбарии Хосе Венансио Лопеси испанӣ мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб карда, ба гирифтани медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё-2024 мушарраф гашт.
Тими миллии Узбекистон, ки яке аз дастаҳои пуртаҷрибаю пурқуввати Осиё мебошад, чаҳор маротиба медалҳои нуқра ва шаш бор медалҳои биринҷии қаҳрамонии қораро соҳиб шудааст. Футзалбозони узбек соли 2022 низ дар Ҷоми Осиё дар Кувайт мақоми сеюмро касб карда буданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ доир шуд, Эрон бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло, Тайланд бо медалҳои нуқра ва Узбекистон бо медалҳои бириҷӣ мукофотонида шуданд.
Инчунин ба дастаи Тайланд ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд. Ҷоизаи дарвозабони беҳтарин насиби Боғир Муҳаммадӣ аз тими Эрон гардид. Саид Аҳмад Аббосии эронӣ соҳиби ду ҷоиза – нишонзани беҳтарин (8 гол) ва бозигари беҳтарини мусобиқа шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё бори аввал мақоми чаҳорумро касб намуд. Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи дастааш дар Ҷоми Осиё-2024 гуфт, “гирифтани роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон барои мо дар Ҷоми Осиё-2024 натиҷаи олист. Дар рафти мусобиқа мо бо беҳтарин дастаҳои Осиё бозӣ кардем ва рақобат бо онҳо бароямон таҷрибаи пурарзиш гардид. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 низ барои тими мо таҷрибаи хуб хоҳад дод.»
Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат варзид, аввалин маротиба барои медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мубориза бурд, инчунин бори аввал соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастовардҳои тими миллии футзали кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 100 ҳазор доллар ҷоиза ихтисос додааст.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.
Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд ва Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтанд.
Инчунин барои роҳхати панҷум тимҳое, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 шикаст хӯрданд, талош карданд. 26-уми апрел бозиҳои плей-офф баргузор шуд. Тими Афғонистон зери роҳбарии сармураббӣ Маҷид Муртазоии эронӣ бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 5:3 ва мунтахаби Қирғизистон бо роҳбарии сармураббӣ Луис Бернат Молинаи испанӣ бар Ветнам бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.
Бозии ҳалкунанда барои роҳхати панҷум ба Ҷоми ҷаҳон-2024 аз қораи Осиё миёни дастаҳои Афғонистону Қирғизистон 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид. Футзалбозони афғон, ки бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд, ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифтанд.
Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чаҳорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.
Вале тими миллии Қирғизистон, ки як маротиба (соли 2005 дар Ветнам) медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда, ду бор (2005 ва 2007) ҷойи чаҳорумро гирифтааст, аз роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бенасиб монд.
Ҷоми Осиё-2024
Нимфинал
26-уми апрел (ҷумъа)
Тайланд - Тоҷикистон – 3:3 (6:5 – аз рӯи силсилаи пеналти)
Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor
Узбекистон – Эрон – 3:3 (4:5 - аз рӯи пеналти).
Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena
Бозӣ барои ҷойи 5-ум
26-уми апрел
Ироқ - Афғонистон - 3:5
Ветнам - Қирғизистон - 2:3
28-уми апрел (якшанбе)
Афғонистон – Қирғизистон – 5:3
Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena
Бозӣ барои ҷойи сеюм
Тоҷикистон – Узбекистон – 5:5 (аз рӯи пеналти – 1:3).
Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena
ФИНАЛ
Тайланд – Эрон – 1:4.
Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena
Акнун ҳамаи 24 дастаи мунтахаби иштироккунандаи Ҷоми ҷаҳон-2024 муайян шуданд: Узбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокаш, Тоҷикистон, Эрон, Тайланд, Афғонистон.
Қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 рӯзи 26-уми май дар Самарқанд доир мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Португалия мебошад. Аз ҳама бештар – панҷ бор - тими миллии футзали Бразилия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.