Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали биринҷии паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё


Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20-22-юми апрел дар Ҳонконг баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Нахуст Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг дар вазни то 81 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Сомон барои нишони биринҷӣ Жубаназар Абулайхани қазоқро мағлуб кард.

Медали дуюми биринҷиро дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар вазни то 100 кило барои нишони биринҷӣ муқобили Нурлюхан Шархани қазоқ пирӯзӣ ба даст овард ва бори аввал бо нишони қаҳрамонии ҷудои Осиё сарфароз гашт.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки баъди танаффуси ҳаштмоҳа ба иллати осеб дидан ба майдони набард омад, дар вазни беш аз 100 кило дар мубориза барои нишони биринҷӣ Азамат Чотчаевро аз Баҳрайн шикаст дод.

Ду паҳлавони дигари тоҷик Обид Ҷебов дар вазни зери 66 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг ҳудуди 270 варзишгар аз 36 кишвар ширкат доштанд. Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 нафар дохил буданд, вале ба иттилои Федератсияи ҷудои кишвар, бинобар сабаби ба таъхир афтодани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Дубай чаҳор варзишгари тоҷик - Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муъминова - дар қаҳрамонии ҷудои Осиё иштирок карда натавонистанд.

Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг имтиёзҳоро барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса касб карданд. .

XS
SM
MD
LG