Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон барои назорати ҳиҷобпӯшӣ ниҳоди нав таъсис ёфт


Эрон
Эрон

Ҳасан Ҳасанзода, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар шаҳри Теҳрон хабар дод, ки барои назорати иҷрои муқаррароти либоспӯшии занон ниҳоди нав таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ниҳоди тозатаъсис барои таъмини минбаъдаи иҷрои муқаррароти либоспӯшии бонувон, аз ҷумла “бо масъулияти бештар” пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ махсус омӯзонида шудаанд.

Хабари таъсиси ниҳоди нав дар ҳолест, ки мақомоти Эрон рӯзҳои ахир санҷишҳоро дар робита ба либоспӯшии бонувон сахттар кардаанд.

Тавре дар наворҳои нашршуда дар сомонаи бахши эронии Радиои Озодӣ -- Радиои Фардо дида мешавад, иштирокдорони ин рейдҳо бо занон дар кӯчаҳо муносибатҳои нохуб мекунанд.

Занон дар Эрон вазифадоранд, ки ҳиҷоб пӯшанд.

Мақомоти Эрон баъд аз марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки соли гузашта кушта шуд, талаботи риоя кардани ҳиҷобро сахттар карданд. Аминиро бо айби бадҳиҷобӣ боздошт карданд ва вай дар бемористон фавтид. Наздикони Маҳсо Аминӣ гуфтанд, пулис ӯро латукӯб кардааст. Марги Маҳсо Аминӣ сабаби эътирозҳои густарда дар Эрон шуд.

XS
SM
MD
LG