Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё медали биринҷӣ гирифт


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар Ҳонконг ҷараён дорад медали биринҷӣ ба даст овард.

Сомон дар рӯзи дуюми қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг – 21-уми апррел – дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд. Вай дар даври дуюм бар Согайр Салике аз Чин дастболо шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Аммо Маҳмадбеков дар даври чаҳорякниҳоӣ аз паҳлавони ботаҷрибаи узбек Шарофиддин Болтабоев ноком шуд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Асад Масабирови қирғизро шикаст дод. Сомон барои медали биринҷӣ Жубаназар Абулайхани қазоқро мағлуб кард ва барандаи нишони биринҷӣ гардид. Ин аввалин медали дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ба шумор меравад.

Паҳлавони дигаи тоҷик Обид Ҷебов дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг – 20-уми апрел - дар вазни зери 66 кило дар даври аввал бар Сардор Раҳимови туркман пирӯз шуд. Вале Ҷебов дар даври дуюм аз Ҳинсей Шаттории ҷопонӣ мағлуб гардида, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконг беш аз 270 варзишгар аз 36 кишвар ширкат доранд.

Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) дохил буд:

-60 кг – Меҳрзод Суфиев

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

-90 кг – Шодмон Ризоев

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

+100 кг – Темур Раҳимов

-52 кг — Аҳлия Муъминова

Вале ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, бинобар сабаби ба таъхир афтодани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Дубай Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муъминова дар қаҳрамонии ҷудои Осиё иштирок намекунанд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 22-юми апрел – се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов – вориди рақобатҳо мешаванд.

Зимнан паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов баъди табобати тӯлонии ҷароҳати бардоштааш дар мавсими гузашта бори аввал дар мусобиқоти имсола иштирок хоҳад кард.

Феълан ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5825 имтиёз баъди Инал Тасоеви русиягӣ (6200 имтиёз) дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи қитъавӣ имкони касби имтиёзҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 доранд.

XS
SM
MD
LG