Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷавони тоҷикро барои латукӯби муаллим дар мактаб дастгир кардаанд


Дар сурати собит шудани гуноҳ ҷавонони 22-солаи тоҷик мумкин аст, ё ҷаримаи бузурге супоранд ва ё барои чунин густохӣ аз 2 то 5 соли умрашонро паси панҷара ва дар зиндон сипарӣ кунанд.
Дар сурати собит шудани гуноҳ ҷавонони 22-солаи тоҷик мумкин аст, ё ҷаримаи бузурге супоранд ва ё барои чунин густохӣ аз 2 то 5 соли умрашонро паси панҷара ва дар зиндон сипарӣ кунанд.

Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, ду ҷавонеро дастгир карданд, ки як омӯзгорро аз дарс берун кашида ва дар саҳни мактаб бераҳмона задаанд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 21-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки барои ин кор ба зидди Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода, сокинони шаҳри Бохтар, ки ҳарду 22-сола ҳастанд, бо иттиҳоми авбошӣ ва зӯроварӣ ба шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар баёния нагуфтаанд, ки ҳарду ҷавонро кай дастгир кардааанд ва ҳодиса кай сурат гирифтааст, аммо дар он гуфта мешавад, ки “дастгиршудагон аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Бохтар ҳозир гардида, омӯзгори муассисаи мазкур Зиёзода С. Р – ро, ки ба хонанандагон дарс мегуфт, ба долони муассиса даъват намуда, дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва латукӯб кардаанд", ки дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.

Ба қавли мақомот, бо вуҷуди муқовимату дархостҳои атрофиён барои хотима додан ба латукӯби муаллим ҳарду ҷавон “ба суханони касе эътибор надодаанд” ва “рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон намудаанд.” Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон акси ҳарду ҷавонро, ки паси панҷара ҳастанд, нашр кардааст. Сабаби латукӯб кардани омӯзгорро ҳам нагуфтаанд ва назари муттаҳамон ба ҷиноят ҳам маълум нест.

Дар Тоҷикистон латукӯби омӯзгор дар мактаб дар гузашта аҳёнан мушоҳида шудааст, аммо солҳои ахир чунин ҳодисае сабт нашуда буд. Дар сурати собит шудани гуноҳ ҷавонони 22-солаи тоҷик мумкин аст, ё ҷаримаи бузурге супоранд ва ё барои чунин густохӣ аз 2 то 5 соли умрашонро паси панҷара ва дар зиндон сипарӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG