Дигар соҳибони телефони Айфон дар Чин имкон надоранд, ки ин барномаҳоро дар телефони худ насб ва истифода кунанд.
Расонаҳои ғарбӣ рӯзи 19-уми апрел навиштанд, ки ширкати Apple ин корро бо дархости Чин анҷом додааст. Ин ширкат гуфтааст, ки Чин ин барномаҳоро хатар ба амнияти миллии худ меномад.
Маълум нест, ки чаро Чин ин барномаҳоро хатар ба амнияти миллӣ номидааст.
Ширкати Apple чунин сиёсат дорад, ки дар ҳар кишваре фаъолият мекунад, қонунҳои онро риоя мекунад, ҳатто агар ба он розӣ ҳам набошад.