Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон


Исфаҳон, Эрон. 19-уми апрели соли 2024
Исфаҳон, Эрон. 19-уми апрели соли 2024

Хабаргузории “Рейтерс” бо ишора ба се манбаъ иттилоъ дод, ки Исроил рӯзи 19-уми апрел ба Эрон ҳамла кард.

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба пойгоҳҳои низомии канори шаҳри Исфаҳон хунсо карданд.

Ба навиштаи ин расонаҳо, таркишҳо дар наздикиҳои коргоҳи ҳастаии “Натанз” ҷой доштанд, вале ба ин муассиса зиёне нарасидааст. Кишварҳои ғарбӣ тахмин мекунанд, ки дар “Натанз” барномаи тавлиди силоҳи ҳастаии Эрон амалӣ мешавад.

Ҳамла ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ҳамлаи Эрон ба Исроил сурат гирифт. Шаби 14-уми апрел дар ҷавоб ба тахриби консулгарии Эрон дар Сурия, Ҷумҳурии Исломӣ садҳо ҳавопаймои бидуни сарнишин ва мушакро ба қаламрави Исроил равона кард.

Тибқи иттилои расида, аксари кулли ин мушаку паҳподҳо қабл аз расидан ба қаламрави Исроил аз тарафи нерӯҳои давлатии ин кишвар ва ҳампйамонҳояш безарар гардонда шуданд.

То замони нашри ин гузориш Исроил дар бораи ҳамла ба қаламрави Эрон расман чизе нагуфтааст.

Сомонаҳои пайгири парвози ҳавопаймоҳо субҳи рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Эрон боздошт шудааст.

Дар давоми рӯз Телевизиони Эрон хабар дод, ки вазъи пойгоҳҳои низомӣ ва коргоҳи ҳастаии Натанз муқаррарӣ буда, парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар баъди таваққуфи чандсоата барқарор шудаанд.

Як идда кишварҳои ҷаҳон аз Эрону Исроил дархост кардаанд, ки ба тавсеаи низоъ роҳ надиҳанд. Як манбаъ ба хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ додааст, ки Исроил дар бораи ҳамлаҳо ба Амрико маълумот дода буд, вале Иёлоти Муттаҳида дар он нақше надоштааст.

Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ чанд рӯз пеш гуфта буд, ки ҳар гуна ҳамла ба қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ бо "ҷавоби ҷиддӣ" мувоҷеҳ мешавад.

Исроил ба Эрон ҳамла кардааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

XS
SM
MD
LG