Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои таҳқиқи ҳамла ба "Крокус" аз Амрико маълумот хост


Дар ин ҳодиса беш аз 140 нафар кушта ва зиёда аз 550 кас осеб дидаанд
Дар ин ҳодиса беш аз 140 нафар кушта ва зиёда аз 550 кас осеб дидаанд

Ҳукумати Русия аз Амрико хостааст, дар бораи ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳол", ки шаби 22-юми март ба вуқуъ пайваст, маълумот диҳад.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русия Лин Трейси охири ҳафтаи гузашта гуфт, кишвараш маълумоти дарёфтиро дар бораи ҳамлаи маргбор дар ихтиёри Русия гузошт. Ӯ тафсилот надод, вале афзуд, Русия ба таври мустақим маълумот хост ва сарфи назар аз ихтилофҳои амиқ бо Кремл, Амрико омодааст, дар таҳқиқи ҳамла кумак расонад.

Трейси мегӯяд, мардуми Русия ҳақ доранд, ки дар фазои орому осуда кору зиндагӣ кунанд. Кремл то ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Чанд рӯз пеш аз ҳамла ба "Крокус" хадамоти иктишофии як идда кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, аз эҳтимоли ҳамлаи даҳшатфаканони исломӣ ба мақомоти Русия хабар дода буданд. Он замон президенти Русия Владимир Путин ин маълумотро "шантаж" номид ва илова кард, ки ҳадафи он "тарсонидан ва ноором кардани мардум" аст.

"Русия наметавонад ҳадафи ҳамлаҳои террористони исломӣ қарор гирад," – гуфта буд Путин.

Шаби 22-юми март, пеш аз ҳунарнамоии гурӯҳи "Пикник" дар толори "Крокус"-и канори Маскав, гурӯҳи силоҳбадаст ба сӯи ширкатдорон оташ кушод. Сипас онҳо толорро оташ зада, аз ҷойи ҳамла фирор карданд. Дар ин ҳодиса 144 нафар кушта ва беш аз 550 кас маҷруҳ шуд.

Мақомоти Русия дар пайи ҳамлаи маргбор чор шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда, онҳоро масъул ва ё иҷрокунандаи ҳамла номиданд. Чанд муҳоҷири дигар, ки аксарият шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, бо доштани нақш дар ин ҳамла айбдор мешаванд. Се нафари онҳо ба қарори додгоҳ зид баромада, бозбинии парвандаашонро хостаанд.

Дар аксу наворҳо дида мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми боздошту бозпурсӣ шиканҷа шудаанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон танҳо пас аз се ҳафта шиканҷаи гумонбарон ва маъракаи туҳмат ба тоҷиконро дар расонаҳои Русия танқид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 12-уми апрел дар Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ дар Минск гуфтааст, намоиши шиканҷаи гумонбарон қобили қабул нест ва "баҳои эътирофи гуноҳ дар зери шиканҷа барои ҳама маълум аст".

Масъулияти ҳамларо ба толори "Крокус" гурӯҳи даҳштафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бар уҳда гирифт. Кишварҳои ғарбӣ низ бовар доранд, ки тарҳрезиву ташкили ҳамлаи 22-юми март бар дӯши ДОИШ аст.

Русия бар ин назар аст, ки ҳамларо ба "Крокус" Украина ташкил кардааст. Киев ҳар гуна айбномаро рад мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Кремл дар қазияи "Крокус" аз Амрико маълумот хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG