Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ҷасади ду қурбонии обхезиро пайдо карданд


Дар вилояти Атирауи Қазоқистон рӯзи 14 апрел ҷасади падару писареро пайдо карданд, ки 6 апрел нопадид шуда буданд.

Болатбек Ермекбоеви 48-сола ва писари 24-солаи вай Асилхон Нуржауов рӯзи 6 апрел ба қисмати зери обмондаи шаҳри Кулсарии вилоят рафтанд, ки аз манзилашон хабар гиранд. Баъди чанде тамос бо онҳо қатъ шуд.

Падару писарро аз рӯзи 6 апрел меҷустанд ва бо гузашти 8 рӯз ҷасади онҳоро пайдо карданд.

Обхезиҳо дар Қазоқистон чанд тани дигарро куштааст.

XS
SM
MD
LG