Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ироқ барои баҳси мушкили минтақа ба ИМА рафтааст


Муҳаммад Шиа ал-Судонӣ
Муҳаммад Шиа ал-Судонӣ

Нахуствазири Ироқ рӯзи 13-уми апрел аз Бағдод ба Вашингтон рафтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Муҳаммад Шиа ал-Судонӣ дар он ҷо бо президенти Амрико дар бораи авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна суҳбат хоҳад кард.

Ба хабари Кохи Сафед, Ҷо Байден раиси ҳукумати Ироқро рӯзи 15-уми апрел ба ҳузур мепазирад.

Манбаъ афзудааст, "ҳамоҳангсозии авлавиятҳо" ва "дигаргунӣ дар рисолати низомии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ба зидди ҷиҳодиён дар Ироқу Сурия" аз масъалаҳои суҳбат хоҳад буд.

Ин сафар ҳамагӣ чанд соат қабл аз он оғоз шуд, ки Эрон дар ҳамлаи ба гуфтааш ҷавобӣ бо садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин ба Исроил ҳамла кард. Телавив мегӯяд, аксари мушаку ҳавопаймоҳои Эронро дар ними роҳ аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG