Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик аз шиканҷаи гумонбарон дар ҳамлаи "Крокус" танқид кард


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шиканҷаи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Русия ва маъракаи туҳмат ба тоҷиконро дар расонаҳо танқид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ, дар Минск дар бораи ин ҳодиса ва рафтори нодуруст бо тоҷикон сӯҳбат кардаасӣ. Вай гуфтааст: “дар натиҷаи як маъракаи роҳандозишуда дар расонаҳо, алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ҳосил мешавад, ки ин ғайриқобили қабул аст.”

Вазири тоҷик аз мақомоти интизомии Русия хостаст, ба ҳуқуқи он шаҳрвандони кишвар, ки дар ҳамлаи маргбор ба толори консертии Крокус муттаҳам мешаванд, эҳтиром гузорад. Сироҷиддин Муҳриддин, гуфтааст, ки намоиши шиканҷаи гумонбаршудагон қобили қабул нест ва "баҳои эътирофи гуноҳ дар зери шиканҷа барои ҳама маълум аст."

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Маскав бояд ҳодисаро беғаразу одилона ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ “махсусан бо ба инобат гирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ, бидуни шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудаҳо” таҳқиқ кунанд.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт ва бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса даҳ шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудаанд. Мақомоти интизомии Русия чаҳор муттаҳами аслӣ ба ҳамлаи Крокусро ба ҳадде зада буданд, ки онҳо дар додгоҳ бо сару рӯйи вараму кабуд ва нимабеҳушӣ ҳузур ёфта, маҷоли ба по истодан надоштанд.

Бархе аз коршиносону сокинон мақомоти Тоҷикистонро танқид карданд, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳимоя накард ва дар баробари шиканҷаи гумонбарону бадрафторӣ бо тоҷикон сукут ихтиёр кард.

XS
SM
MD
LG