Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суроғи ду тоҷике, ки Русия гумонбар донист, аммо ВКД рад кард


Маҳмадрасул Насриддинов ва Ривоҷиддин Исмонов. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Маҳмадрасул Насриддинов ва Ривоҷиддин Исмонов. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Ривоҷиддин Исмонови 52-сола ва Маҳмадрасул Насриддинови 29-сола аз ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон. 

Раёсати умури дохилии Брянски Русия рӯзи 23-юми март онҳоро гумонбари ҳамла ба маҷмаи "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав номбар кард. Аксу маълумоти кӯтоҳ дар бораашон зуд нашру паҳн шуд.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе хабарро рад намуд ва бо нашри акси онҳо ва шиносномаашон гуфт, ки Ривоҷиддин ва Маҳмадарасул аз моҳи ноябри соли 2023 боз дар деҳа ва дар назди ҳамсару фарзандон ҳастанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои ёфтани ин ду нафар ҳафтае пеш, 4-уми апрел, ба деҳаи Саноати ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ рафтанд, то бинанд, ки онҳо дар озодӣ ҳастанд ё бозпурсӣ ва хабарро чӣ гуна дарёфтанду ин марҳиларо чӣ хел паси сар карданд.

Ҳамон рӯз онҳо дар хона пайдо нашуданд. Баъзе аз ҳамсояҳо гуфтанд, ки Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов дар озодӣ ҳастанд, аммо ҳоло берун аз манзил. Интизории тақрибан 6-соатӣ барои дидани ин ду сокини деҳаи Саноат натиҷа надод.

"Пайвандонашон низ нахостанд, ки суҳбат кунанд. Талош кардем, бо раиси деҳаи Саноат ҳамсуҳбат шавем, ӯ низ худдорӣ кард," – мегӯяд хабарнигори Радиои Озодӣ Иршод Сулаймонӣ.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони баъзе аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус Сити" дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ дар мавриди қазия ва фарзандони худ гап заданд. Маълум нест, сабаби худдории Ривоҷиддин Исмонов ва Маҳмадрасул Насриддинов ва пайвандони онҳо аз суҳбат бо хабарнигорон чӣ буд.

Бархе коршиносон як далели “даҳони пӯшида”-и онҳоро ба норӯшан мондани мавқеи ҳукумати Тоҷикистон рабт доданд. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо гуфт, “маълум будани мавқеи ниҳодҳои давлат ҷуръат мебахшид, ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба онҳое, ки бевосита ё бавосита ба қазия рабт доштанд.”

“Ҳамин чизро эҳсос накарданд. Яъне, бори дигар исбот шуд, ки на ҳамеша метавонем аз шаҳрвандони худ, ҳадди ақал аз нигоҳи ҳуқуқӣ дастгирӣ кунем. Бояд муносибати қонуниву ҳуқуқӣ сурат мегирифт, ки ин чизро мутаассифона надидем,” – афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар суроғи ду тоҷике, ки Русия гумонбар, аммо ВКД рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун ёздаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Даҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти зиёда аз се ҳафта аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG