Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодулло Машрабов рафторашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурд


Ибодулло Машрабов
Ибодулло Машрабов

Ибодулло Машрабов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурдааст. Навори ин лаҳза чанд рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба вокунишҳои тунди корбарон шуд.

Дар он навор як мард гурӯҳи духтаронро дар рӯйи саҳна ҳарфҳои тунду дурушт мегӯяд. Дертар маълум шуд, ки баҳс дар ҷараёни омодагӣ ба барномаи "Шоми дӯстӣ", ҳангоми сафари раҳбари пешини Туркманистон, сурат гирифта, марде, ки нисбат ба духтарон дурушт мегӯяд, Ибодулло Машрабов аст.

Худи ҳунарманд дар суҳбат ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, сабаби бархӯрди тундаш ба дер мондани чанд раққоса буд. Машрабов ҳамчунин гуфтааст, “ягон гапи безеб нагуфтам ва бояд сахтгир бошам.”

Ин дар ҳолест, ки дар навор шунида мешавад, ки Ибодулло Машрабов мегӯяд: "Шумо мусулмонед?! Кӣ зоидааст чунин духтари бемаънии падарлаънатро! Кош намезойид!"

Пахш шудани ин навор вокунишҳои тундро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард ва бисёре аз корбарон навиштанд, ҳунарманд набояд чунин дағалгуфтор бошад.

Масъулони дастаҳои рақсӣ низ гуфтаанд, нисбат ба рафтори Ибодулло Машрабов ягон шикоят надоранд.

Ибодулло Машрабови 70-сола дар гузашта мудири Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, муовини вазири фарҳанг ва вакили порлумони Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG