Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Фитр дар Тоҷикистон. Рӯҳониён аз мардум чӣ хостанд?


Шаҳри Хуҷанд. 10 апрели соли 2024
Шаҳри Хуҷанд. 10 апрели соли 2024

Соати 6:30-и рӯзи 10-уми апрел, бо ҳузури ҳазорон намозгузор дар масҷидҳои Тоҷикистон намози иди Фитр хонда шуд. Рӯҳониён қабл аз адои намоз мардумро ба хайру эҳсон, ёрӣ ба муҳтоҷон ва худдорӣ аз исрофкорӣ даъват карданд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, имомхатибон дар бораи худдорӣ аз идгардаки кӯдакон тақрибан чизе нагуфтанд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломӣ ва ҳам муфтии кишвар аз намозгузорон хост, дар рӯзи ид корҳои хайр анҷом диҳанд.

Субҳи 10-уми апрел кӯчаҳои пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар фазои идона дошт. Бо вуҷуди дастури Вазорати маориф, кӯдакону наврасон аз субҳи барвақт барои табрики ид ба хонаҳо мерафтанд ва туҳфа мегирифтанд.

Вазорати маориф охири моҳи март бо ирсоли мактуби расмӣ аз омӯзгорони мактабҳо хост, барои пешгирӣ аз идгардаки хонандагон чора андешанд. Волидайни баъзе хонандагон гуфтанд, аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки фарзандони худро аз идгардак манъ мекунанд. Ин тасмим вокунишҳои аксаран манфиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

АКСҲОРО АЗ РӮЗИ ИД ДАР ИНҶО БИНЕД:

Дар ҳамин ҳол президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Рамазон бори дигар мардумро ба сарфакорӣ даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел гуфт, “идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд” ва даъват намуд, ки ин рӯзро на бо оростани дасторхони бодабдаба, балки бо “аёдат, зиёрат ва гиромидошти хотираи гузаштагон” сипарӣ кунанд.

Иди Рамазон, яке аз ду иди мусулмонист, ки дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳат эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо ва сипас зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG